Навсозии навбатҳо дар Тоҷикистон

Мизоҷон дар навбат нанишинанд — дар хона мунтазир шаванд

QR-ро мехонанд, рақам мегиранд, дар Telegram огоҳ мешаванд. Салони шумо холӣ, курсиҳо пур.

Бе аппликатсия · Бе корти бонкӣ · Дар 1 рӯз васл

Queue.tj дар амал

Тарзи кор содда: QR, рақам, навбати зинда

Соҳиби салон фавран мебинад, ки система чӣ кор мекунад: мизоҷ QR-ро скан мекунад, рақам мегирад ва ороишгар навбатро аз планшет идора мекунад.

1 Овезаи QR-и Queue.tj ва саҳифаи салон, ки баъди скан дар телефон кушода мешавад

QR дар дари салон

QR-кодро ба дар ва назди ресепшен мечаспонед, истинодро дар Instagram мегузоред — мизоҷ бе насби барнома саҳифаи салонро мекушояд.

2 Саҳифаи навбат дар телефон: рақами 9, пеш аз шумо 2 нафар, тақрибан 60 дақиқа, ва огоҳии Telegram

Мизоҷ рақам мегирад

Дар телефон рақам ва вақти тахминии интизорӣ дида мешавад, вақте навбат наздик шавад — огоҳӣ меояд. Дар салон нишаста интизор шудан лозим нест.

3 Экрани ороишгар дар планшет ва навбати зинда дар экрани ТВ-и салон

Ороишгар навбатиро даъват мекунад

Ороишгар навбати худро дар планшет мебинад ва мизоҷи навбатиро бо як тугма даъват мекунад. Экрани ТВ навбатро ба тамоми толор нишон медиҳад.

Намуна — рақамҳои як рӯзи салон

Дар навбат

7

Интизории миёна

~25 Дақиқа

Рақамҳои имрӯз

34

Мушкилот

Ҳар мизоҷи наомада — 60 сомонии гумшуда

Мизоҷ фаромӯш мекунад

Занг мезанед, менависед, дар дафтар қайд мекунед. Курсӣ холӣ меистад.

Одамон дар салон менишинанд

Интизории дароз — мизоҷ дафъаи оянда намеояд.

DM пур мешавад

Ҳар рӯз ҳамон як савол: навбат ҳаст?

Чӣ тавр кор мекунад

Се қадам — ҳамааш ҳамин

1

QR дар дар

Афишаро ба дар мечаспонед. Мо онро тайёр мекунем.

2

Рақам мегирад

Мизоҷ ороишгар ва хизматрасониро интихоб мекунад.

3

Telegram ҷеғ мезанад

Вақти навбаташ хабар мерасад — дар хона мунтазир мешавад.

Дар дохил

Ҳама чиз барои як салон

Навбати зинда

Ҳама рақамҳо дар вақти воқеӣ, бе навсозии саҳифа.

Экрани ороишгар

Се тугмаи калон: Оғоз, Тайёр, Наомад.

Панели соҳиб

Тахтаи зинда бо сутун барои ҳар ороишгар.

Telegram бот

Огоҳинома, бекоркунӣ ва квитансия.

Экрани телевизор

Рақамҳои калон, аз 5 метр хонда мешаванд.

Пойгоҳи мизоҷон

Кӣ доимӣ, кӣ гум шуда — худаш мебинад.

Омор ва даромад

Интизории миёна, даромад, наомадагон.

Чанд филиал

Ҳама филиалҳо дар як ҳисоб.

Нархҳо

30 рӯз ройгон. Корти бонкӣ лозим нест.

Standard

100 c. / моҳ

  • 1 ороишгар — бе илова кардани кормандон
  • Танзимот ва аксҳои профили худ
  • Хизматрасониҳои бемаҳдуд бо аксҳо
  • Таърихи мизоҷон
  • Навбат, QR ва огоҳиҳои Telegram
Интихоб кардан
Маъмул
Тарифи салон

Salon

300 c. / моҳ

  • То 4 ороишгар
  • +59 сомонӣ/моҳ барои ҳар ороишгари иловагӣ
  • Дастрасии пурра ба идоракунии салон
  • Хизматрасониҳои бемаҳдуд бо аксҳо
  • Таърихи мизоҷон, ҳисобот ва пардохтҳо
  • Идоракунии ороишгарон ва сабти пешакӣ
Интихоб кардан

Salon Pro

499 c. / моҳ

  • То 8 ороишгар
  • +59 сомонӣ/моҳ барои ҳар ороишгари иловагӣ
  • Дастрасии пурра ба идоракунии салон
  • Хизматрасониҳои бемаҳдуд бо аксҳо
  • Таърихи мизоҷон, ҳисобот ва пардохтҳо
  • Идоракунии ороишгарон ва сабти пешакӣ
Интихоб кардан

Business

Аз 1000 c. / моҳ

  • Шумораи ороишгарон ва шартҳо — бо мувофиқа
  • Барои брендҳои дорои чанд сартарошхона
  • Суроғаи бренди шумо, масалан elite.queue.tj
  • Мо низоми филиалҳо ва зердоменро барои шумо танзим мекунем
Интихоб кардан

Ҳамаи тарифҳо 30 рӯз ройгон. Пардохт — нақд ё интиқоли бонкӣ.

Саволҳо

Он чи соҳибон мепурсанд

Мизоҷони ман телефонро намедонанд — чӣ мешавад?

Ороишгар худаш ӯро ба навбат мегузорад — ду зарба. Система бе телефони мизоҷ ҳам кор мекунад.

Аппликатсия зеркашӣ кардан лозим аст?

Не. QR мехонад — сайт мекушояд. Сабти ном ва парол нест.

Агар интернет қатъ шавад?

Экрани ороишгар рӯйхатро нигоҳ медорад. Ҳангоми барқароршавӣ худаш ҳамоҳанг мешавад.

Танзимаш душвор аст?

Мо мекунем. Шумо номи ороишгарон ва нархҳоро медиҳед — фардо кор мекунад. Афишаи QR аз мо.

Дар як ҷумла

Queue.tj — навбати онлайн барои салонҳо дар Тоҷикистон

Queue.tj — навбати электронӣ барои салонҳои зебоӣ ва сартарошхонаҳо дар Душанбе ва тамоми Тоҷикистон. Онро ҳар кас ба таври худ меномад: касе «навбат» мегӯяд, касе «очередь», дар Google бошад «navbat online» ё «ochirad» менависанд. Ҳамааш як чиз аст — рӯйхати одамоне, ки мунтазири ороишгаранд.

Фарқият дар ин аст: ин рӯйхат акнун дар дафтар не, дар телефон аст. Мизоҷ рақами худро мебинад, вақти тахминии навбаташро медонад ва дар Telegram огоҳ мешавад. Дар салон нишаста интизор шудан лозим нест.

Queue.tj (Навбат) — маҳсулоти мустақили WiseDev.io аст, ки пурра махсус барои бозори Тоҷикистон — салонҳои зебоӣ, сартарошхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ — тарҳрезӣ ва таҳия шудааст. Платформа мустақилона, бе иштироки ширкатҳои дигар сохта шудааст.

Созандаи платформа — муассис ва таҳиягари асосии WiseDev.io Aliakbar Boistov мебошад.

30 рӯз ройгон санҷед

Агар наомадани мизоҷон кам нашавад — пул намегирем.

Демоеро кушоед